Ссылки доступа

Брюссел: таҳримҳои зидди Русия имрӯз тамдид мешаванд


Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мулоқоти Люксембург мушкили таҳримҳои зидди Русияро баррасӣ ва назарҳои мухолиф баён кардаанд.

Бритониё исрор кардааст, ки барои нақши Русия дар нооромиҳои Украина зидди Москва таҳримҳои сахт эълон шавад. Фаронса гуфтааст, ин таҳримҳо танҳо баъди даст кашидани Русия аз кумаки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина бекор гарданд. Дар ҳамин ҳол, Порис аз талошҳои раҳбарони Аврупо барои пайдо кардани роҳҳои наздикшавӣ бо Кремл розӣ аст.

Мирослав Лайчак, вазири корҳои хориҷии Словакия, ки сар аз 1 июл раҳбарии ИА-ро бар зимма мегирад, гуфтааст, ҳукуматҳои Аврупо фишорҳои сиёсатмадоронашон барои бекор кардани таҳримҳои зидди Русияро наметавонанд нодида бигиранд. Вай дар идома ёдовар шудааст, ки Русия ҳамоно кишвари бузургтарини содиркунандаи барқ ба ИА боқӣ мемонад.

Ба назари Лайчак, талаби "ҳалли сиёсӣ"-и масъалаи таҳримҳои зидди Русия меафзояд. Хабаргузории Reuters навиштааст, миёни кишварҳое, ки мехоҳанд таҳримҳои зидди Русия сабуктар шавад, Итолиё, Болгария ва Юнон ҳам ҳаст.

Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, намояндагони кишварҳои Аврупо рӯзи сешанбе дар мулоқоти Брюссел муҳлати таҳримҳои зидди Русияро то охири сол дароз кунанд.

XS
SM
MD
LG