Ссылки доступа

Тафтишот: сабаби асосии куштори Немтсов - "ангезаҳои ғаразнок" аст


Кумитаи тафтишотии Русия баҳонаи асосии қатли сиёсатмадор Борис Немтсовро "ангезаи ғаразнок" номид.

Тавре рӯзи душанбе намояндаи кумита Владимир Маркин хабар дод, ҷинояткорон "бо ваъдаи қадрдонии пулӣ дар ҳаҷми 15 миллион рубл" аз моҳи сентябри соли 2014 ба сӯиқасд омодагӣ медиданд. Ба ин тартиб, Кумитаи тафтишотӣ сабаби қатли сиёсатмадорро бо ангезаҳои бадбинии диннӣ беэътибор донист. Маркин гуфтааст, таҳқиқи панҷ зодаи Чеченистон, ки бо гумони қатли сиёсатмадор боздошт шудаанд, ба охир расид. Нисбати созмондиҳандаи эҳтимолӣ ва фармоишгари қатл ҳанӯз тафтишот идома дорад.

Борис Немтсов шаби 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кремли Москва кушта шуд. Бо гумони қатли вай Заур Дадаев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темерлан Эскерханов ва Ҳамзат Бахаев боздошт шудаанд. Моҳи ноябри соли гузашта суд ғоибона созмондиҳандаи эҳтимолии куштор - узви пешини баталони "Шимол"-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳиддиновро ба ҳабс гирифт. Вакилони хонаводаи Немтсов узви дигари баталони мазкур - Руслан Геремеевро ҳам созмондиҳандаи куштор меноманд. Муфаттишон ду маротиба талош карданд, ки нисбати Геремеев айб эълон кунанд, аммо Кумитаи тафтишотӣ ин айбҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG