Ссылки доступа

Марди қирғизистонӣ ният дорад кураи заминро бигардад


Союзбек Солиев, халабони қирғизистонӣ ният дорад кураи заминро бо ҳавопаймои якмуҳаррикӣ давоми 50 рӯз бигардад.

Ба гуфтаи вай, ҳамроҳ бо ҳамкасби литвониаш Йонс Жуккус 10 июл аз фурудгоҳи Токмак парвоз хоҳанд кард. Онҳо ният доранд кураи заминро дар 50 рӯз бигарданд ва 30 август дар Бишкек фуруд оянд.

Лоиҳа "Қирғизи кӯчманчӣ" ном дорад ва ба 25-солагии Қирғизистон бахшида шудааст. Халабонҳо ният доранд, дар маҷмуъ 47,6 ҳазор километр парвоз кунанд ва аз 26 кишвар, уқёнусу қитъаҳо бигзаранд.

Дар ин сафар онҳо ҳамроҳи худ парчами Қирғизистонро хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG