Ссылки доступа

Ёқуб Салимов баъди 13 сол аз зиндон озод шуд


Аввалин акси Ёқуб Салимов пас аз 13 соли маҳбас.
Аввалин акси Ёқуб Салимов пас аз 13 соли маҳбас.

Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ баъди 13 соли боздошту зиндонӣ шуданаш имрӯз, 21 июн озод гардид.

Наздикони вай мегӯянд, Салимов соати 5-и субҳ озод шуда, вазъи саломатиаш хуб аст.

Ёқуб Салимов 13 соли пеш, дар ҳамин рӯз, дар Маскав боздошт шуда, баъдан бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон бо айби "хиёнат ба ватан", "нигоҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб" ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар пайи иҷрои қонуни афв дар соли 2012, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазоаш кам гардид.

Ёқуб Салимов яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқӣ буд, ки баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олӣ соли 1992 вазири умури дохилии кишвар таъин шуд.

Вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон, ки соли 1997 президент Раҳмонро аз як сӯиқасд дар шаҳри Хуҷанд наҷот дод, худи ҳамон сол дар талош ба ташкили табадулоти мусаллаҳона айбдор гардида, кишварро тарк кард. Соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе 15 сол зиндонӣ шуд.

Бо ҳукми додгоҳ Ёқуб Салимов аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш маҳрум гардидааст.

XS
SM
MD
LG