Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон тасмим гирифт, ки ба саммити Тошканд равад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон тасмим гирифт, то дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Тошканд баргузор мегардад, ширкат кунад. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон ба расонаҳо хабар додаанд. Саммити СҲШ дар Тошканд рӯзҳои 23-24 июн барпо мешавад.

Ба ҷуз аз Қирғизистон дар ин нишаст Тоҷикистон, Қазоқистон ва Чину Русия ширкат мекунанд.

Моҳи марти соли ҷорӣ Ӯзбекистон нерӯҳои низомиашро дар наздикии марзи Қирғизистон ҷойгир кард. Ба дунболи ин рӯйдод, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев он замон гуфта буд, ки эҳтимол дар саммити Тошканд ширкат накунад.

Тавре интизор меравад, дар саммит масъалаи густариши созмон баррасӣ шуда, Покистону Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи СҲШ пазируфта шаванд.

XS
SM
MD
LG