Ссылки доступа

Путин бо даъвати Си Ҷин Пин ба Чин меравад


Владимир Путин, президенти Русия 25 июн бо даъвати ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин ба Пекин меравад. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ додааст.

“Интизор меравад, раҳбарони ду давлат қадамҳои баъдии шарикии яксону боэътимод ва ҳамаҷонибаи Русиву Чин ва ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва башардӯстонаи ду кишварро баррасӣ кунанд”, - афзудааст манбаъ.

Бино бар иттилои Кремл, зимни гуфтушуниди Владимир Путин бо Си Ҷин Пин масъалаҳои муҳимми байнулмилалӣ, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои чандҷониба ва минтақавӣ, СММ, БРИКС ва созишномае, ки дар саммити СҲШ дар шаҳри Тошканд имзо хоҳад шуд, муҳокима мегарданд.

“Раҳбарони ду давлат ҳамчунин масоили вобаста ба рушди инфрасохтори нақлиётии фаромарзӣ, низоми моҳвораи ҷаҳонӣ, тавсеаи якҷояи роҳи баҳрии шимолӣ ва сохтмони роҳи оҳани Белкомурро, ки бояд минтақаҳои Сибиру Уралро бо навоҳии федеролии шимолу ғарб бипайвандад, баррасӣ хоҳанд кард”, - гуфтааст, муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин.

XS
SM
MD
LG