Ссылки доступа

Сенати ИМА пешниҳоди манъи фурӯши аслиҳаро рад кард


Сенати ИМА чораҳои пешниҳодшуда барои манъи фурӯши силоҳро рад кард. Баъди куштори дастаҷамъии Орландо вакилони Сентаи ИМА пешниҳод карданд, ки фурӯши аслиҳа дар ИМА маҳдуд шавад.

Гап дар бораи ду пешниҳоди Ҳизби демократӣ ва ду роҳи пешгирии Ҳизби ҷумҳурихоҳон меравад. Пешниҳод шуда буд, ки харидорони силоҳ аз санҷиши ҷиддӣ бигзаранд. Аммо ин пешниҳодҳо 60 раъйи заруриро пайдо накарданд.

Ҷумҳурихоҳон ва ҳамандешони онҳо мегӯянд, лоиҳаи демократҳо ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар мавриди бо худ доштани силоҳ поймол мекунад. Дар навбати худ, демократҳо пешниҳоди ҷумҳурихоҳонро "хеле заиф" номиданд.

Дар натиҷаи куштори дастаҷамъӣ дар клуби ҳамҷинсгароён дар Орландои Амрико 50 нафар кушта шуда, бештар аз 50 каси дигар ҷароҳат бардошт. Ҳамлагари афғонтабор низ кушта шуд. Тафтишот мегӯяд, ҳамлагар узви "Давлати исломӣ" буд ва аз рӯи ҳамҷинсгароситезӣ даст ба куштор задааст.

XS
SM
MD
LG