Ссылки доступа

Қазоқистон озмоишгоҳи допинг месозад


Қазоқистон мехоҳад, дар ростои Бозиҳои олимпӣ як озмоишгоҳои замонавии санҷиши допинг ё истеъмоли доруҳои нерӯафзо аз тарафи варзишгаронро бунёд кунад. Ин тарҳро Карим Масов, сарвазири Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар ба миён гузоштааст.

Бино бар хабари хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон, Карим Масимов дар ин ҷаласа аз Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон ва раҳбари он Темур Қулибоев (домоди президенти Қазоқистон) хосааст, ки ин гуна озмоишгоҳ дар кишвараш таъсис дода шавад.

“Мо бояд тамоми имкониятҳоро пайдо кунем. Шояд аз ҳисоби сармоягузорони инфиродӣ ин озмоишгоҳро бихарем, то варзишгарони мо пеш аз иштирок дар мусобиқаҳо аз санҷиши мазкур гузаранду баъд хабарҳои ғайриинтизор нашунавем. Ва варзишгарони мо ҳам ҳангоми гузаштан аз ин гуна санҷишҳо ба худ бовар дошта бошанд”, - гуфтааст Масимов.

Аристонбек Муҳаммадиулӣ, вазири фарҳанг ва спорти Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, варзишгари қазоқ то ҳол барои иштирок дар Бозиҳои Рио-де-Жанейро 102 роҳхат ба даст овардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Федератсияи байнулмилалии навъҳои сангини варзиш (IWF) рӯзи 20 июн феҳристеро нашр кард, ки бар пояи он барандагони медалҳои тилои Олимпиадаи Лондон аз Қазоқистон Иля Илин, Светлана Подобедова, Зулфия Чиншанло ва Майя Манеза аз доруҳои мамнӯъи нерӯфизо истифода кардаанд.

XS
SM
MD
LG