Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҳангоми фурӯши сигор ва шароб ҳуҷҷат талаб мекунанд


Бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон аз 10 июн, фурӯшандагони машрубот ва сигор дар ин кишвар маҷбуранд, аз харидороне, ки тарҳи чеҳраашон камтар аз 20 сол менамояд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сину сол талаб кунанд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Агар харидор ҳуҷҷат пешниҳод накунад, фурӯшанда ҳақ надорад ба вай сигор ва нӯшобаҳои спиртӣ фурушад. Ҳамчунин фурӯши алкогол ва маҳсулоти тамоку дар шакли бозичаҳои кӯдакона, қанд ва дигар ашёи кӯдакона манъ шудааст.

Фурӯши ин маҳсулоти бидуни огоҳӣ дар бораи зарари он низ манъ гардидааст.

Ошхонаву тарабхонаҳо ҳам аз ҳаққи фурӯши ин навъи маҳсулот маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG