Ссылки доступа

Коршиносони Осиёи Марказӣ амнияти интернетии минтақаро баррасӣ мекунанд


Дар форуме, ки дар Бишкек ҷараён дорад, сиёсати давлатии идораи Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, таҳдиди хатарҳои интернетӣ, рушди саноати DNS, густариши дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва масоили дигар баррасӣ мешавад.

Дар форум коршиносони технологияҳои иттилоотиву иртиботии Қирғизистон, кишварҳои ҳамсоя, Аврупо, Русия ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзанд.

Имрӯз ширкатдорони форум масоили амнияти интернетии минтақа, рушди иқтисодӣ тавассути густариши интернет ва танзими давлатии интернетро баррасӣ мекунанд.

Ин форумро вазорати нақлиёт ва иртиботи Қирғизистон, бунёди шаҳрвандии "Ташаббусҳои Шаҳрвандии Сиёсати Интернетӣ" бо пуштибонии созмонҳои байналхалқии SecDev Foundation, ICANN ва Internet Society ташкил кардаанд.

XS
SM
MD
LG