Ссылки доступа

Намояндаи СММ: дар Сурия макони ёриҳои башардӯстонаро тирборон мекунанд


Стаффан де Мистура, фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия мегӯяд, режими Башор Асад бо иҷозат додани ёриҳои башардӯстона ба аҳолии осоиштаи муҳосирашуда ин минтақаҳоро тирборон мекунад.

Стаффан де Мистура меафзояд, ҳамлаҳо ҳам пеш аз расидани корвони ҳомили ёриҳо сурат мегиранд, ҳам баъди расидани онҳо.

Дар ибтидои моҳи июн ИМА ва Фаронса ҳукумати Сурияро айбдор карданд, ки ба маҳзи расидани ёрии башардӯстона шаҳри Дараяро бомбаборон кардааст. Корвони мошини ёриҳои башардӯстона дар чанд соли охир бори аввал шаби 9 июн ба Дарая расид. Бино бар шоҳидии сокинон ва нозирон, нерӯҳои ҳукуматии Сурия субҳи 10 июн ба тирборон ва бомбабарони шаҳр шуруъ карданд. Нерӯҳо нагузоштанд, ки ёриҳои башардӯстона ба аҳолӣ тақсим шавад.

Де Мистура мегӯяд, умедвор аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар наздиктарин фурсатҳо дубора шуруъ мешаванд.

Ба гуфтаи фиристодаи вижаи СММ, оташбаси кунунии Сурияро вазъи Идлиб, Латакиё ва Ҳалаб халалдор мекунад. Аммо дар маҷмуъ, ба гуфтаи вай, шидатнокии ҷанг нисбат ба вазъи то моҳи феврал сабуктар аст. Моҳи феврал ҷонибҳои даргир бо миёнаравии Русия ва ИМА барои риояи оташбас ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG