Ссылки доступа

Таҳримҳои ИА зидди Русия то соли 2017 идома мекунанд


Таҳримҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо (ИА) зидди Русия то моҳи январи соли 2017 дароз шуд.

Сафирони ИА ба созиш расиданд, ки таҳримҳои иқтисодии ИА зидди Русия дар вокуниш ба ғасби нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Москва аз ҷудоихоҳони рустабори шарқи Украина идома ёбанд. Акнун тасмими дипломатҳо бояд аз сӯи сарони кишварҳои узви ИА тасдиқ шавад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бо вуҷуди даъвати бархе аз кишварҳои ИА ба нармтар кардани бархӯрд бо Москва, пойфишорӣ дорад, таҳримҳо дароз карда шавад. Кишварҳое чун Словакия, Маҷористон ва Италия, ки бекор шудани таҳримҳоро мехоҳанд, бо қарори тамдид то поёни моҳи январи соли оянда розӣ шуданд.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди бахшҳои молиявию энергетикии Русия бори нахуст моҳи июн ва июли соли 2014 ҷорӣ шуда, баъди ҳар шаш моҳ тамдид мешаванд.

XS
SM
MD
LG