Ссылки доступа

Парвандаи Азимҷон Аскаров бозбинӣ мешавад


Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Азимҷон Аскаровро, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, дубора баррасӣ мекунад.

Бино бар иттилои хадамоти матбуотии ин додгоҳ, баррасии парвандаи мазкур бар пояи шикояти худи Аскаров ва вакили мудофеаш 11 июли соли равон сурат хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони СММ 21 апрели соли равон аз ҳукумати Қирғизистон даъват карданд, то Аскаровро озод кунад.

Ба назари коршиносон, Аскаров ғайриқонунӣ боздошт ва дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ шуда, нисбаташ бадрафторӣ сурат гирифтааст. Инчунин вайро аз тамоми имкониятҳои ҳимоят аз ҳуқуқҳояш дар мурофиаҳо маҳрум кардаанд.

Азимҷон Аскаров бо айби барангехтани адоватӣ қавмӣ, ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва даст доштан дар куштори корманди пулис дар низои байни қирғизҳову ӯзбектаборон дари Қирғизистон соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.

Департаменти давлатии ИМА тобистони соли 2015 ба Азимҷон Аскаров ҷоизаи “Ҳомии ҳуқуқи башар”-ро тақдим кард. Дар вокуниш ба ин ҳукумати Қирғизистон созишномаи соли 1993-и ҳамкориҳои наздиктараш бо ҳукумати ИМА-ро бекор кард.

XS
SM
MD
LG