Ссылки доступа

Ҳабси раиси рӯзноманигорони Қазоқистон тамдид шуд


Ҳукми ҳабси хонагии Саидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ва мудири Клуби миллии матбуоти ин кишвар як моҳи дигар тамдид шуд.

Додгоҳе дар Қазоқистон имрӯз дар мавриди тамдиди ҳукми ҳабси хонагии Саидқозӣ то 22 июл қарор содир кардааст.

Саидқозӣ Матаев ва писари вай Асет, ки роҳбари хабаргузории "КазТАГ" буд, баҳори имсол боздошт ва баъдан ҳабси хонагӣ шуданд. Дар ибтидо падару писар дар дуздии маблағи буҷа дар ҳаҷми калон ва саркаши аз пардохти андоз айбдор мешуданд. Саидқозӣ Матаев аз 24 феврал ба ин сӯ дар ҳабс аст. Асет Матаев 28 март ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Матаев ин айбҳоро комилан рад мекунад.

Моҳи май кумитаи дифоъ аз Матаев хабар дод, ки айбномаи раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ба моддаи сабуктаре иваз шудааст. Акнун Саидқозӣ дар сӯистода аз боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста мешавад. Айбномаи писари вай низ ба ҳамин мазмун тағйир ёфтааст.

Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Остона даъват карданд, то Саидқозӣ Матаевро озод намояд. Созмонҳо бар ин назаранд, ки айбномаи раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон сохтакорӣ аст.

XS
SM
MD
LG