Ссылки доступа

Вазирони тоҷик минбаъд ба президент савганд мехӯранд


Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд аъзои ҳукумат пеш аз оғози корашон ба номи президент ва вакилони порлумон ба номи халқи кишвар савганди вафодорӣ ёд мекунанд.

Ин тасмим рӯзи 22 июн, пас аз ислоҳи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонуни “Вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон” гирифта шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, тарҳи савгандёдкунии вакилону аъзои ҳукумат аз тарафи худи президенти кишвар пешниҳод шудааст.

Мавзуна Шарофиддинова, вакили порлумон, гуфт, “ин пешниҳод ба хотири баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳукумат ва беҳтар намудани фаъолияти онҳо ба миён омадааст”.

“Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя карда, адолат ва қонунро сарчашмаи фаъолияти худ қарор медиҳам ва барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати ватанам софдилона хизмат мекунам”, - омадааст дар матни савганд.

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон аҳамият дорад. Мардум бештар ба ҳарфе бовар мекунанд, ки агар гӯяндаи он қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад.

XS
SM
MD
LG