Ссылки доступа

Озмоиши нокоми мушаки миёнапарвози Куриёи Шимолӣ


Субҳи рӯзи чаҳоршанбе Куриёи Шимолӣ ду мушаки болдори миёнапарвозро озмоиш кард. Ҳадди ақал яке аз ин мушакҳо парвози номуваффақ дошт, хабар медиҳанд намояндагони Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико.

Баъди он ки мушаки нахустини "Мусудан", ки субҳи барвақти рӯзи чаҳоршанбе дар баҳри Ҷопон афтид, моҳвораҳои Куриёи Ҷанубӣ ва амрикоӣ мушаки дувумро мушоҳида карданд. Мушаки дувум бо тай кардани 400 километр суқут кардааст. Намояндаи департаменти давлатии ИМА ин озмоишро маҳкум кард. ИМА мегӯяд, ин масъаларо дар Шӯрои Амнияти СММ хоҳад гузошт, то ин ки Куриёи Шимолӣ посухи ин амалҳояшро дарёбад.

Куриёи Шимолӣ шуруъ аз миёнаҳои моҳи апрел 6 озмоиши мушаки нави болдори "Мусудан"-ро анҷом дод. Тӯли парвози ин мушакҳо, бино бар баҳогузории ғарбиҳо, то 4 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Панҷ озмоиши ин мушакҳо номуваффақ будааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, шитобкории Куриёи Шимолӣ дар партоби мушакҳо дар он аст, ки сардори ин кишвар Ким Чен Ин мехоҳад ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон диҳад, ки метавонад ба ин кишвар аз силоҳи ядроӣ ва кимиёвӣ зарба занад. Ҷазираи Гуами ИМА, ки он ҷо бузургтарин пойгоҳи низомӣ ҷойгир аст, дар нишони мушаки нави Куриёи Шимолӣ меафтад. Пхенян борҳо ИМА-ро таҳдиди зарбаи ядрои кардааст. Ин кишвар мегӯяд, соҳиби кулоҳакҳои ядроӣ шудааст. Моҳи январи имсол Куриёи Шимолӣ чаҳорумин озмоиши силоҳи ҳастаиро муваффақона анҷом дод.

XS
SM
MD
LG