Ссылки доступа

Дар Олмон як тоҷик бо гумони узвият дар ДИ боздошт шуд


Дар Олмон як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ва иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст.

Бино бар иттилои додситонии Олмон, Муҳаммадсаид С., ки номи пуррааш гирифта намешавад, дар ғарби Рейн-Вестфалияи Шимолӣ дастгир шудааст.

Додситонӣ дар иттилоияи 22 июнаш гуфтааст, Муҳаммадсаид С.-и 30-сола моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаааст ва дар онҷо ба ДИ пайваста, дар ҷангҳои Сурия иштирок кардааст. Инчунин гӯиё вай дар наворҳои видеоӣ зоҳир шуда, ҳамватанони худро ба сафи ин гуруҳи террористӣ даъват кардааст.

Бар пояи иттилоияи мазкур, Муҳаммадсаид С. на дертар аз моҳи сентябри соли 2015 Сурияро тарк карда, ба Олмон рафтааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар муҷозот мешавад ё ӯро ба ватанаш истирдод мекунанд.

XS
SM
MD
LG