Ссылки доступа

Путин: Москва ба "таҷовузгариҳои Ғарб" посух хоҳад дод


Владимир Путин, президенти Русия ҳангоми суханронияш дар ҷаласаи ахири Думаи давлатӣ, даъвати шашум гуфт, Москва ба "амалҳои таҷовузкоронаи Ғарб" "посухи муносиб" хоҳад дод.

Путин изҳор дошт, ки Русия дар шароити "амалҳои таҷовузкоронаи НАТО" дар наздикии марзҳояш бояд ба фикри амнияти худ бошад.

Ба гуфтаи вай, олам бояд бо терроризми байнулмилалӣ муқовимат кунад ва низоми амниятиеро созмон диҳанд, ки берун аз чаҳорчӯби паймонҳои феълӣ аст. "Русия барои гуфтугӯ дар робита ба ташкили ин гуна низоми амниятӣ омодааст", - афзуд Путин.

Президенти Русия ҳамчунин ба ҷонибдории вакилони Думаи давлатӣ аз пайвастани нимҷазираи Қрим ба қаламрави кишвараш дар соли 2014 баҳои мусбат дод.

Муносибатҳои Москва бо Ғарб моҳи марти соли 2014, баъди ишғол шудани нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия сард шуд.

Киев ва кишварҳои Ғарб Русияро дар он айбдор мекунанд, ки аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҳимоят карда, ба онҷо силоҳ ва нерӯ мефиристад. Дар ҳоле, ки Кремл ин ҳамаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG