Ссылки доступа

Абубакр ал-Ӯзбекӣ дар Сурия кушта шудааст


Бино бар хабарҳое, ки аз Сурия мерасанд, ҳангоми таркиш дар шаҳри Идлиби ин кишвар фармондеҳи баландмақоми саҳроии гуруҳи "Ҷабҳат Ан-Нусра" Абубакр ал-Ӯзбекӣ кушта шудааст. Дар ин бора бори нахуст телевизионҳои маҳаллии шииҳо хабар додаанд, менависад бахши ӯзбекии сомонаи Би-Би-Си.

Хабар дода мешавад, Абубакр ал-Ӯзбекӣ рӯзи шанбеи гузашта дар натиҷаи таркиши бомбе, ки дар мошине муҷаҳҳаз шуда буд, кушта шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, Абубакр ал-Ӯзбекӣ "ҷиҳодии собиқадор" буд, ки бо мухолифини Сурия дар як саф ҷангида аст

Расонаҳои шиагаро мегӯянд, Абубак ал-Ӯзбекӣ - шашумин фармондеҳи саҳроҳии ҷаҳодиён аст, ки дар ин минтақа кушта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Ҳақиқати Фарғона"-и Ӯзбекистон бо такя ба нашрияи Al-Masdar News аз марги Абубакр ал-Ӯзбекӣ хабар медиҳад. Номи аслии Абубакр ал-Ӯзбекӣ зикр намешавад.

XS
SM
MD
LG