Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон айбдоршавандаҳоро дар ғайбашон маҳкум мекунанд


Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои вазинин ва махсусан вазнин содир карда ва дар кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд, дар ғайбашон парвандаи онҳо муҳокима шуда ва нисбаташон муҷозот таъйин мегардад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли тоҷикистон 22 июн зимни муҳокимаи тағйиротҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар порлумон ширкат карда, гуфт, чунин таҷриба пештар дар кишвар ҷорӣ набуд.

"Бо омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар, мо ба хулоса расидем, ки бояд муҳокимаҳои додгоҳиро бе иштироки айбдоршавандаҳо баргузор кунем ва ҳукмашонро эълон намоем", - афзуд Юсуф Раҳмон.

Ба гуфтаи додситони кулл, агар баъди содир шудани ҳукм шахси айбдоршаванда ба Тоҷикистон баргардад, пас додгоҳ вазифадор аст, ки ҳукмро дар ҳузури шахс бозбинӣ кунад.

XS
SM
MD
LG