Ссылки доступа

Эътирози ғайриоддии демократҳо дар конгресси ИМА


Аъзои палатаи намояндагони конгресси ИМА аз Ҳизби демократҳо рӯзи чаҳоршанбе эътирози ғайриоддие баргузор карданд. Вакилон дар дохили толори конгресс ба замин нишастанд ва талаб карданд, ки то лоиҳаи онҳо дар бораи чораҳои назорати фурӯши аслиҳа ба раъйдиҳӣ гузошта нашавад, барнамехезанд.

Эътилофи аксарияти ҷумҳурихоҳон зидди ба раъйдиҳӣ гузоштани лоиҳаи демократҳо овоз доданд. Ҳамаи вакилони ҳизби демократҳо дар эътироз ба ин рафтори ҷумҳурихоҳон субҳи рӯзи чаҳоршанбе рӯи фарши толори конгресс нишастанд ва аз раиси конгресс Пол Райан талаб карданд, ки лоиҳаро ба раъйдиҳӣ гузорад. Онҳо аз риояи тартибот худдорӣ варзиданд ва ба Райан иҷозат надоданд, ки масълаи дигарро ба баррасӣ гузорад. Ин эътирози ғайриоддиро вакили 76-сола Ҷон Люис, собиқадори муборизаҳои баробарҳуқуқии сиёҳпӯстон дар солҳои 1960, роҳбарӣ кард.

Демократҳо лоиҳаеро таҳия кардаанд, ки тибқи он афроде, ки дар робита доштан бо террористон гумонбар дониста мешаванд, аз ҳаққи дарёфти силоҳ маҳрум мегарданд. Ҷумҳурихоҳон мегӯянд, гоҳҳо одамон тасодуфан гумонбар дониста мешаванд ва ба ин хотир лоиҳаи демократҳо мумкин аст ҳуқуқи амрикоиҳоро ба доштани силоҳ поймол кунад. Аз эътирози вакилон демократҳои саршиносе мисли президент Барак Обама ва президенти пешини ИМА Билл Клинтон пуштибонӣ кардаанд. Ҷумҳурихоҳон ин эътирози демократҳоро ҳиллаи сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG