Ссылки доступа

Ҷоизаҳои ИЖҚ ба ду хабарнигори Радиои Озодӣ


Иттифоқи журналистони Қазоқистон имрӯз барандагони ҷоизаҳои ин ниҳодро дар соли 2016 эълон кард, ки миёнашон хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ Қосим Амонжолулӣ ва Вячеслав Половинко ҳам ҳастанд.

Қосим Амонжолулӣ, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ муаллифи барномаи AzattyqLIVE ва "Еркін сөз" (Суҳбати озод) барои мусоҳибаҳояш дар бораи мушкили ислоҳоти замин дар Қазоқистон ғолиби бахши "Шарҳи сиёсӣ" эълон шудааст.

Вячеслав Половинко барои силсилаи матлабҳояш дар бораи амалиёти зиддитеррористӣ дар вилояти Оқтеппа, ки дар саҳифаи "Газетаи нав - Қазоқистон" нашр шуданд, ҷоизаи беҳтарин таҳқиқоти журналистии солро ба даст овардааст.

Дар бахши "Тарҳи интернетӣ" ҷоизаи Иттифоқи журанлистони Қазоқистонро муассиси Facebook Марк Сукерберг барои таъсиси як шабакаи иҷтимоӣ соҳиб шудааст, ки корбарони кишварҳои гуногунро дар як майдони иттилоотӣ гирд овардааст.

XS
SM
MD
LG