Ссылки доступа

Машшота баъди марги муштарияш зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳрии Урали Қазоқистон машшотаи 37-сола Элвира Абдулоеваро се сол зиндонӣ кард. Ин ороишгар ба ҳамин муддат аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ низ маҳрум гардидааст. Вай ҷазоро дар ноҳияи Медеуи шаҳри Алмаато адо мекунад.

Машшота бо моддаи "Фаъолияти ғайриқонунии тиббиву фармасевтӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одам шудааст", зиндонӣ гардид. Бино бар иттилои додгоҳ, 28 марти соли ҷорӣ дар кошонаи ҳусни "Ситораи Шарқ" машшота пеш аз ороиш додани яке аз муштариҳояш, ӯро сӯзандоруи лидокаин мегузаронад. Баъди ин Айжан Жакановаи 39-сола дар кошонаи ҳусн мефавтад. Жаканова 3 кӯдаки ноболиғ дошт.

Машшота Элвира Абдулоева изҳори пушаймонӣ карда ва ба гуноҳаш иқрор шудааст. Бо назардошти пардохти ҷуброни зарари моддиву маънавӣ, наздикони Жаканова аз даъвояшон гузаштаанд.

Зимни сухани охирин айбдоршаванда аз хешовандони Жаканова сипосгузорӣ карда, гуфтааст, омода аст, ки то ба балоғат расидани фарзандони вай, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG