Ссылки доступа

Писари президент ба ташкили суиқасд айбдор мешавад


Дар Лондони Бритониё муҳокимаи додгоҳии Максим Боқиев -- писари президенти пешини Қирғизистон бар асоси даъвои тоҷири бритониёӣ Шон Дейли шуруъ шуд. Дар ин бора нашрияи Daily Mail хабар медиҳад.

Шон Дейли даъво дорад, ки Боқиеви хурдӣ ба ҷони вай сӯиқасд ташкил кардааст. Ин даъво ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 ба додгоҳ бурда шуда буд.

Шон Дейли мегӯяд, Боқиеви хурдӣ дар бораи сӯиқасд дар суҳбат бо тоҷири дигар Берти Синбет иқрор шудааст. Нашрия менависад, ки Синбетро Дейли ба ҳайси шоҳид даъват кардааст, аммо вай ба додгоҳ ҳозир нашудааст.

Бино бар иттилои тафтишот, ширкати "Оксус" соли 2005 ҳаққи коркарди кони Ҷеруйро дар Таласи Қирғизистон пайдо кард. Аммо дар соли 2006 Максим Боқиев маҷбур кардааст, ки иҷозатномаи коркарди кон ба ширкати дигар фурӯхта шавад. Соли 2006 дар Бишкек ба ҷони намояндаи ширкати "Оксус" Шон Дейли сӯиқасд шуда буд. Бо талоши табибон Дейли зинда монд ва баъдан Қирғизистонро тарк кард.

Соли 2014 додгоҳи ноҳияи Первомаи Бишкек Максим Боқиев ва Жаниш Боқиевро барои ташкили сӯиқасд ба ҷони Дейли ба ҳабси абад маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG