Ссылки доступа

Зиддият ба афви муҳоҷирон Обамаро дилсард кард


Қарори Додгоҳи олии ИМА, ки бар пояи он миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд, президент Барак Обамаро руҳафтода кардааст.

"Низоми муҳоҷирати мо беш аз ду даҳсола мешавад, ки нақз шудааст ва ин ки имрӯз Додгоҳи олии ИМА натавонист, қарореро содир кунад, ин на танҳо моро ба ақиб мебарад, балки кишвари моро аз мақоме ки ба сӯи он ҳаракат дорем, ҷудо мекунад", - гуфтааст Барак Обама.

Барак Обама нақша дошт, ба наздики 4 миллион муҳоҷири ғайриқонуние, ки доғи судӣ надоранду фарзандҳояшон дар ИМА таваллуд шудаанд ё расман зиндагӣ мекунанд, ба ҷойи ихроҷ ҳаққи будубош ва кор дар кишварашро бидиҳад.

Аммо ахиран зимни раъйгирӣ дар додгоҳ пешниҳоди президенти ИМА рад шуд. Ин қароре, ки ҳафт моҳ қабл аз анҷоми давраи роҳбарии Обама қабул шуд, ба рақибони ҷумҳурихоҳаш имкон дод, ки талоши президенти демократро ба ҳам зананд

Қарори Додгоҳи олии ИМА маънои онро дорад, ки ҳалномаи соли 2015 зинаҳои поёнии додгоҳ бетағйир гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG