Ссылки доступа

Демократҳо аз фарши конгресси ИМА бархестанд


Намояндагони Ҳизби демократи ИМА, ки бештар аз як шабонарӯз палатаи поёнии конгресси Амрикоро "ғасб" карда буданд, ба эътирози ғайриоддии худ хотима доданд.

Вакилон тамоми шаб дар замини толори конгресс нишаста, нахостанд инҷоро тарк кунанд.

Демократҳо талаб карданд, ки лоиҳаи онҳо дар бораи маҳдудияти фурӯши силоҳ ба раъйдиҳӣ гузошта шавад. Ин лоиҳа баъди куштори дастаҷамъӣ дар клуби ҳамҷинсгароёни Орландои иёлати Флорида, ки 12 июн рух дод, ба конгресс пешниҳод шуд. Аммо ҷумҳурихоҳон, ки дар конгресс аксариятро ташкил медиҳанд, иқдоми эътирозиро "ҳиллаи сиёсӣ" номида, то 5 июл танаффус эълон карданд. Бисёре аз ҷонибдорони манъи фурӯши озодонаи силоҳ дар бинои Капитоли боқӣ монда, ба эътироз идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG