Ссылки доступа

IAAF ба бархе аз варзишгарони Русия гузашт кард


Варзишгарони русе, ки истифода набурдани допингро комилан исбот мекунанд, ба мусобиқаҳо роҳ хоҳанд ёфт. Аммо онҳо наметавонанд зери парчами Русия баромад кунанд.

Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) 23 июн ҳуҷҷатеро дар бораи ҳолатҳои истиснои ширкат дар мусобиқаҳои зери роҳбарии ин созмон қабул кард. Варзишгар ҳақ дорад роҳхати инфиродӣ дарёфт кунад, аммо зери парчами Русия баромад нахоҳад кард, балки баромади "бетарафона" хоҳад дошт.

17 июн созмони мазкур қарори берун кардани Федератсияи умумирусиягии варзиши сабукро аз мусобиқаҳо ба теғйир боқӣ гузошт. Созмон тасдиқ кард, ки Федератсияи умумирусягӣ ба таври доимӣ меъёрҳои Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингиро вайрон мекунад.

21 июн Кумитаи байналхалқии Олимпӣ ин қарорро эътироф кард ва варзишгарони Русия аз ширкат дар бозиҳои Олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро маҳрум сохт.

XS
SM
MD
LG