Ссылки доступа

Сарвазири Бритониё гуфт, ба истеъфо меравад


Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё гуфт, то моҳи октябри соли ҷорӣ аз мақомаш истеъфо медиҳад. Вай истеъфояшро ба натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи узвияти Бритониё дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) рабт дод ва гуфт, кишвар акнун ба роҳбарони нав ниёз дорад.

Ба гуфтаи Дэвид Кэмерон, натиҷаҳои раъйпурсӣ зиндагии бритониёиҳоро якбора дигаргун намекунад. Кэмерони муҳофизакор ҷонибдори боқӣ мондани Бритониё дар ҳайати ИА буд.

Аксарияти ширкатдорони раъйпурсӣ дар Бритониё, ки дирӯз баргузор шуд, хориҷшавии кишварро аз ИА ҷонибдорӣ карданд.

Дар пасманзари хабарҳои хориҷшавии Бритониё аз ИА субҳи рӯзи ҷумъа арзиши фунт стерлинги бритониёӣ даҳ дарсад беқурб шуда, ба 1,33 доллар баробар гардид. Ин нишондоди камтарин дар 30 соли охир аст. Арзиши як бушка нафт 6 дарсад пойин омада, акнун ба 47,89 доллар расидааст.

Ин раъйпурсӣ расман хосияти машваратӣ дорад, аммо ҳукумат ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзии мухолифони узвияти Бритониё дар ИА, раванди хориҷшавии кишвар аз иттиҳод рӯи даст гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG