Ссылки доступа

Мудири осорхонаи Хатлон барои маводи мухаддир 5 сол зиндонӣ шуд


Насриддин Каримов, мудири осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии вилояти Хатлон 5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи вилояти Хатлон ӯро дар нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор донист.

Мудири осорхонаро мақомоти қудратӣ охири моҳи марти соли ҷорӣ дар манзилаш боздошт карданд. Ҳангоми ҷустуҷӯ аз вай 229 грамм маводи мухаддир ёфт ва мусодира шуда буд.

"Додгоҳ бо назардошти 3 фарзанди ноболиғ доштан ва содиқона пӯшаймон шудан аз кирдори содиркарда ба нафари зери ҳимояи ман ҳукм баровард. Дар ҷараёни муҳокимаи парванда Каримов эътироф кард, ки маводи мухаддирро барои истифодаи шахсӣ харида аст", - мегӯяд вакили дифоъ Ғулом Бобоев.

Насриддин Каримов як сол пеш ба ҳайси мудири осорхона таъйин шуд. Пештар вай гуфта буд, барои рушди осорхона талоши зиёд ба харҷ дода, шуъбаҳои нав кушодааст.

Каримов пештар соҳибкорӣ мекард ва бино бар бархе иттилоъ, тарабхонаи "Миршаб"-и Қурғонтеппа аз они вай буд.

XS
SM
MD
LG