Ссылки доступа

Бритониёиҳо барои берун шудан аз ИА овоз доданд


Комиссияи интихоботии Шоҳигарии Муттаҳида расман изҳор доштааст, ки бештари раъйдиҳандагони Бритониё барои берун шудани ин кишвар аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) овоз додаанд.

Натиҷаҳои ин раъйпурсии умумимиллӣ нишон медиҳад, ки 52%-и раъйдиҳандагон хориҷ шудани Бритониё аз ИА-ро беҳтар шуморида, танҳо 42 дарсад гуфтаанд, ки узвият дар иттиҳоди мазкур бояд ҳифз шавад. Таносуби овозҳо бештар аз як миллион раъйро дар бар мегирад.

Наҷел Фараҷ, раиси Ҳизби истиқлоли Бритониё гуфтааст, дар Шоҳигарии Муттаҳида "субҳ хоҳад дамид". Вай изҳор доштааст, ки агар пешбиниҳо дуруст бароянд, одамони одӣ бурд хоҳанд кард. Ба гуфтаи Фараҷ, истиқлолияти Бритониё "ин пирӯзии мардуми шоиста" аст.

Ӯ ҳамчунин аз Девид Камерон, сарвазири Бритониё даъват кардааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Мушовири Камерон, ки аз мардум даъвват мекард, то ба боқӣ мондани Бритониё дар ҳайати ИА овоз диҳанд, гуфт, кишвараш дар “як фазои номуайян” қарор дорад.

Дар Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ бештари раъйдиҳандагон узвияти Бритониё дар Иттиҳоди Аврупоро ҷонибдорӣ карда, дар шимолу шарқи Англия барои берун шудан аз иттиҳод овоз додаанд. Дар Лондон бештари мардум зидди хуруҷ раъй додаанд.

XS
SM
MD
LG