Ссылки доступа

Гуфтугӯи дуҷонибаи Алмосбек Отамбоев бо Ислом Каримов


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ва Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон дар доираи саммити Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) дар Тошканд гуфтугӯи дуҷониба баргузор карданд.

Мулоқот бояд баъди нисфирӯзии имрӯз баргузор мешуд, аммо ин ду президент қабл аз ҷаласаи СҲШ дидор диданд. Рӯзноманигорон ба ин мулоқот роҳ наёфтаанд. Хабар дода мешавад, ки Каримов бо Отамбоев масъали ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Отамбоев бо роҳбарони Чину Афғонистон низ мулоқоти дуҷониба баргузор хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир Алмосбек Отамбоев дар ҷаласаи ҳайтаи маҳдуди Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ширкат мекунад. Отамбоев дар ин ҷаласа гуфтааст, ки масоили марзӣ бояд бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад.

XS
SM
MD
LG