Ссылки доступа

Шотландия мумкин аст ба қарори хориҷшавии Бритониё аз ИА вето гузорад


Порлумони Шотландия мумкин аст ба қарори хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) вето гузорад. Дар ин бора рӯзи якшанбе сарвазири ин кишвар Никола Стерджен хабар додааст.

Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ вай гуфтааст, ки порлумони Шотландия бояд расман ба хориҷшавии Бритониё аз ИА розӣ шавад ва вай аз вакилони шотландӣ даъват мекунад, ки раъйи мухолиф диҳанд.

Ба гуфтаи Стерджен, вай мехоҳад мардуми Шотландияро аз оқибатҳои манфии хориҷшавӣ аз ИА ҳифз кунад. Нахуствазири ин кишвар гуфтааст, ки 62 дарсади раъйдиҳандагони шотландӣ барои боқӣ мондан дар ИА овоз додаанд.

Ахиран Никола Стерджен хабар дод, дар ҷаласаи фаврии ҳукумати Шотландия мувофиқа шудааст, ки барои бақои ин кишвар дар ҳайати ИА бо сохторҳои иттиҳод гуфтугӯро шуруъ кунанд. Вай ҳамчунин гуфт, барои баргузории раъйпурсии навбатии хориҷшавӣ аз ҳайати Бритониё омода мешаванд.

Зимни раъйпурсии умумихалқии 23 июн 52 дарсади бритониҳо хостанд, ки кишварашон аз ҳайати ИА хориҷ шавад.

XS
SM
MD
LG