Ссылки доступа

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон


Тантанаҳои асосии 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон баргузор хоҳанд шуд. 19 соли пеш – 27 июни соли 1997 дар Москва Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи тоҷикон, ки тақрибан ҷони 150 ҳазор танро рабуд, хотима бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 25 июн сафари корияш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро оғоз кард. Интизор меравад, вай аз ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ боздид карда, дар расми ифтитоҳи чандин иншооти нав иштирок намояд.

Президенти Тоҷикистон ҳангоми вохурӣ бо раҳбарону сокинони ноҳияи Ванҷ ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ, падару модарон, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаву обрӯманди ноҳия муроҷиат кард, ки “фарзандони худро аз роҳи бад гардонанду оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон бифаҳмонанд”.

Афзоиши шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷангҳои хориҷӣ, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон яке аз масъалаҳоест, ки Душанбеи расмиро нигарон кардааст. Бино бар иттилои мақомоти Тоҷикистон, 150 шаҳрванди кишвар ҳангоми мубориза ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористии монанд ба “Давлати исломӣ” дар ҷангҳои Сурияву Ироқ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG