Ссылки доступа

Расонаҳо: 2,4 млн. еврои Озарбойҷон барои пешгирӣ аз гузориши маҳбусони сиёсӣ


Пулиси итолиёӣ нисбати Луки Ҷузеппе Волонте, президенти фахрии гуруҳи сиёсии Ҳизби халқии Аврупо дар Порлумони Анҷумани Шӯрои Аврупо, вакили пешини Палатаи вакилони Италия тафтишотро шуруъ кардааст.

Ба иттилои нашрияҳои Италия, Волонтеро бо он гумонбар медонанд, ки дар давраи дар Шӯрои Аврупо намоянда буданаш, ба порагирӣ аз ҳукумати Озарбойҷон дар ҳаҷми 2 млн. 390 ҳазор евро мусоидат кардааст. Ин пулҳо барои пешгирӣ аз гузориши вазъи маҳбусони сиёсӣ дар Озарбойҷон сарф шудаанд.

Моҳи январи соли 2013 Шӯрои Аврупо зидди қатъномаи Озарбойҷон раъй дод. Дар ин қатънома вазъи 85 маҳбус, ки бо айбҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, тасвир шуда буд. Ба ҷонибдорӣ аз қатънома танҳо 79 вакил раъй дод, дар ҳоле ки 128 вакил зидди қатънома баромад карданд. Ба ин тартиб қатънома бо баҳонаи "Айбнома ба воқеият созгор нест" рад гардид.

Дар расонидани пора гӯё аъзои ҳайати Озарбойҷон дар Шӯрои Аврупо Элхан Сулаймонов ва Муслум Маммадов низ ширкат доштаанд. Ин пулҳоро гӯё Ҳизби халқии Аврупо дар Порлумони Аврупо гирифтааст.

Ҳукумати Озарбойҷон то кунун ба айбномаи ҷониби Италия посух надодааст.

XS
SM
MD
LG