Ссылки доступа

Туркия аз низоми "дарбаргирандаи ҳамаи хизматрасонӣ" даст мекашад?


Сардори Эътилофи оҷонсиҳои сайёҳии Туркия (TURSAB) Башкани Башаран Улусой даъват кардааст, ки ба далели зиёновар будани низоми "дарбаргирандаи ҳамаи хизматрасониҳо" зина ба зина даст кашида шавад. Дар ин бора хабаргузории lenta.ru иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Улусой, ин низом танҳо ҷавобгӯи талаботи сайёҳони сарфакор ва сайёҳати хонаводагӣ аст. Меҳмонхонаҳое, ки низоми "дарбаргирандаи ҳамаи хизматрасониҳо"-ро доранд, сарфи назар аз афзоиши харҷҳояшон, наметавонанд хизматрасониашонро боло баранд. Густариши ин низом бар зиёни бахши сайёҳии маҳаллӣ аст, мегӯяд Улусой.

Вай аз соҳибони меҳмонхонаҳо даъват кардааст, ки рӯ ба сайёҳони сарватманд биоранд.

Саноати сайёҳӣ дар Туркия баъди тирашавии муносибатҳо бо Русия ва чанд таркиш дар Анқараву Истамбул бо буҳрон рӯ ба рӯ шудааст. Рӯзи сешанбе, 21 июн нашрияи Ҳуррият навишт, ки саноати сайёҳии Анталия ба далели набудани истироҳаткунандагон аз Олмону Русия бадтарин июнро дар тамоми таърихи мавҷудияти худ пушти сар мекунад.

Пештар аз ин президенти Шӯрои ҷаҳонии туризм Дэвид Скаусилл бозори сайёҳии Туркияро аз пайомадҳои харобиовар ҳушдор дода буд.

XS
SM
MD
LG