Ссылки доступа

Туҳфаи муҳоҷири ӯзбек аз ҳисоби маоши фаррошӣ ба Пугачёва


Муқаддас Азизова, шоираи дилбохтаи Алла Пугачёва аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон, ки солҳо инҷониб дар шаҳри Новосибирск фаррошӣ мекунад, ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ муроҷиат карда, барои шахсан тақдим кардани маҷмуаи шеърҳояш ба ин сарояндаи машҳури рус кӯмак хостааст.

Вай дар муроҷиатномаи видеоии худ гуфтааст, ки чанд сол аст, орзӯ дорад, маҷмуаи шеърҳои барои Алла Пугачёва навиштаашро ба ин ситораи эстрадаи Русия тақдим кунад.

"Ман Муқаддас Азизова мухлиси сурудҳои Алла Пугачёва аз Ӯзбекистон ҳастам. Муҳаббати худ ба ин сарояндаро дар шеърҳоям баён доштаам", - гуфтааст муҳоҷири ӯзбек дар муроҷиатномааш.

Муқаддас Азизова чанд сол мешавад дар як ширкати сохтмонии шаҳри Новосибирск ба ҳайси фаррош кор мекунад. Ин зан барои нашри маҷмуаи шеърҳояш, ки ба Алла Пугачёва бахшида шудаанд, як миқдор пул аз маоши худ ҷудо кардааст. Муҳоҷири ӯзбек мегӯяд, орзуи журналист шуданро дошт, вале натавонист ба факултети дӯстдоштааш дохил шавад. Аз ин рӯ, Институти кооперативии Ӯзбекистонро хатм кардааст.

"Ба Русия омадаму чанд сол шеър навиштам. Чаҳор соли пеш аз ҳисоби худ китобамро нашр кардам ва хостам онро бо забони русӣ баргардонам. Вале баъзе нафарон пулро гирифтанду тарҷума накарданд ва ҳамин тариқ китоб ҳам ба русӣ баргардон нашуд. Ба ман кӯмак кунед, сахт мехоҳам, ки китобам ба дасти Алла Пугачёва расад. Тамоми шеърҳои ин китоб ба вай бахшида шудааст. Метавонам шеърҳои бо забони ӯзбекӣ навишташударо ба ӯ тақдим кунам? Ман аз синфи шашумиам мухлиси сурудҳои Пугачёва ҳастам, агар кӯмак кунед, миннатдор мешудам", - мегӯяд Муқаддас Азизова.

XS
SM
MD
LG