Ссылки доступа

Урдуғон барои сарнагун кардани Су-24 аз Путин узр хост


Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия бо фиристодани як нома ба унвони ҳамтои русаш Владимир Путин барои қазияи ҳавопаймои бомбаандози Русия дар моҳи ноябри соли 2015 узр хостааст.

Иброҳим Калин, сухангӯи президенти Туркия гуфтааст, Урдуғон дар робита ба марги халабони рус изҳори "таассуфи амиқ" намуд. Бино бар иттилои нашрияи "Ҳуррият", президенти Туркия ба наздикони халабони кушташудаи Русия ҳам ҳамдардӣ баён карда, бахшиш пурсидааст.

Дар изҳороти расмии президенти Туркия, ки рӯзи душанбе нашр гардид, гуфта мешавад, "Анқара омода аст, барои барқарор шудани муносибатҳои дуҷониба бо Москва тамоми талошашро бикунад".

Робитаи Анқара ва Москва дар пайи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия аз сӯи Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 вориди таниш шуд. Дар пайи ин ҳодиса Русия алайҳи Туркия таҳрим ҷорӣ кард ва тиҷорати байни ду кишвар якбора рӯ ба коҳиш овард.

Туркия он замон гуфт, пеш аз суқути ҳавопаймои Русия ба камияш 10 бор халабонҳоро аз ворид шуданашон ба ҳарими ҳавоии Туркия ҳушдор дода буд. Вале Русия чунин иддаоро қабул надорад ва президент Владимир Путин суқути ҳавопаймои кишвараш аз сӯи Туркияро “ханҷар аз пушт” номидааст.

XS
SM
MD
LG