Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "андози ҳашамат" меситонанд


Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки аз ҳисоби "андоз аз ҳашамат" буҷаро пур кунанд. Чунин лоиҳаи қонунро вазорати иқтисоди ин кишвар ба муҳокимаи умумӣ баровардааст, хабар медиҳанд расонаҳо.

Лоиҳаи қонун пешниҳод мекунад, ки вобаста ба масоҳат андоз аз амволи ғайриманқул боло бурда шавад. Барои хонаҳои заминӣ ва баландошёнаи масоҳати камтар аз 200 метри мураббаъ як андоза ва барои хонаҳои бештар аз 300 метри мураббаъ андози дигар, зиёдтар ситонида хоҳад шуд.

Андоз аз нақлиёти гаронарзиш вобаста ба ҳаҷми муҳаррики автомобил бо назардошти соли бароришаш рӯёнида мешавад.

Бино бар пешбиниҳо, агар лоиҳаи қонун қабул шавад, ба буҷаи Қирғизистон тахминан бештар аз ҳафт миллион доллари изофӣ ворид мегардад.

XS
SM
MD
LG