Ссылки доступа

Гурҷистон даъвати ҳатмӣ ба артишро манъ кард


Тинатин Хидашели, вазири мудофиаи Гурҷистон дар барномаи мустақими телевизион фармони манъи даъвати ҷавононро ба артиш имзо кард.

"Мо ба хизматчии ҳарбие, ки маҷбурӣ ба артиш оварда шудааст, ниёз надорем", - гуфт хонум Хидашели. Дар ҳамин ҳол вай афзуд, аз ин ба баъд артиши Гурҷистон комилан қарордодӣ мешавад. "Агар вазири ояндаи мудофиа даъват ба артишро дубора ба роҳ монад, пас нахуст бояд фармони маро бекор кунад", - илова кард Тинатин Хидашели.

Дар ҳоли ҳозир 90 дарсади артиши Гурҷистон аз низомиёни қарордодӣ иборат аст, танҳо даҳ дарсади аскаронро бо роҳи даъват ба артиш овардаанд. Фармони вазир мустақиман хизмати навдаъватшудагонро дар артиш манъ мекунад, аммо даъватшавандагон мисли пешин дар бахшҳои дигари нерӯҳои мусаллаҳ адои хизмат хоҳанд кард. Барои мисол, дар Хадамоти ҳифзи давлатӣ, қисмҳои ҳарбии таъиноти махсуси ВКД ва ғайра.

Ираклий Сесиашвили, раиси кумитаи порлумонии мудофиа ва амният фармони вазирро "зуҳури бемасъулиятӣ" номид. Сесиашвили мегӯяд, артиши Гурҷистон ба низоми қарордодӣ омода нест.

XS
SM
MD
LG