Ссылки доступа

Азамат Тинаев: Тағйирот ба қонуни ВАО ханҷар ба пушти рӯзноманигорон аст


Ислоҳоти қонун "Дар бораи ВАО"-ро мешавад ҳамчун ханҷар аз пушти рӯзноманигорон номид. Дар ин бора коршиноси умури матбуоти Қирғизистон Азамат Тинаев изҳори назар кардааст. Вай мегӯяд, сарфи назар аз ин ки меъёрҳои қонунгузорӣ вайрон мешаванд, бо роҳҳои мухталиф мехоҳанд қабулшавии лоиҳаи қонунро битезонанд.

Ба гуфтаи вай, ташаббускорони лоиҳа барои тасдиқи пешниҳодашон омори нодурустро зикр мекунанд ва аз кишварҳои пешрафта мисолҳои носаҳеҳ меоранд. Барои мисол, дар ИМА шабакаҳои Al Jazeera ва Russia Today, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, пахш мегарданд.

Коршинос мегӯяд, ташаббускорони лоиҳа бо истифодаи иттилои носаҳеҳ афкори мардумро тағйир медиҳанд. Вай меафзояд, ташаббускорон намехоҳанд, ки лоиҳа муҳокима шавад ва аз рӯшан кардани ҷузъиёти он худдорӣ меварзанд.

Ёдрас мешавем, порлумони Қирғизистон 22 июн дар қироати нахустин лоиҳаи қонунро дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи ВАО қабул кард.

Лоиҳаи қонун пешниҳод мекунад, ки шаҳрвандон ва созмонҳои хориҷӣ аз ҳаққи таъсис ва моликии расонаҳо дар Қирғизистон маҳрум шаванд. Ин лоиҳа ҳамчунин пешниҳод дорад, ки фаъолияти расонаҳо бо сармояи хориҷӣ манъ шавад.

XS
SM
MD
LG