Ссылки доступа

Туркия омодааст, барои сарнагунии Су-24 ҷуброн бипардозад


Туркия мегӯяд, омодааст, барои сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия ҷуброн пардохт кунад. Биноли Йилдирим, сарвазири Туркия дар суҳбат бо телевизиони TRT гуфтааст, агар зарур бошад, Анқара ин ҷубронро пардохт хоҳад кард.

Ӯ гуфт, "ҳарду ҷониб хостори муътадил шудани муносибатҳо ҳастанд. Фикр мекунам, ки равобит беҳтар мешавад". Нахуствазири Туркия афзуд, рӯзҳои 29 ва 30 июн, қарор аст, як суҳбати телефонии миёни президентҳои Русия ва Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон баргузор шавад. Дар ин суҳбат роҳҳои беҳбудёбии равобити ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.

Қаблан Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия бо фиристодани як нома ба унвони ҳамтои русаш Владимир Путин барои қазияи ҳавопаймои бомбаандози Русия дар моҳи ноябри соли 2015 узр хоста, дар робита ба марги халабони рус изҳор "таассуфи амиқ" карда буд.

Робитаи Анқара ва Москва дар пайи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия аз сӯи Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 вориди таниш шуд. Дар пайи ин ҳодиса Русия зидди Туркия таҳрим ҷорӣ кард ва тиҷорати байни ду кишвар якбора рӯ ба коҳиш овард.

Туркия он замон гуфт, пеш аз суқути ҳавопаймои Русия ба камияш 10 бор халабонҳоро аз ворид шуданашон ба ҳарими ҳавоии Туркия ҳушдор дода буд. Вале Русия чунин иддаоро қабул надорад ва президент Владимир Путин суқути ҳавопаймои кишвараш аз сӯи Туркияро “ханҷар аз пушт” номидааст.

XS
SM
MD
LG