Ссылки доступа

Белорус ду шаҳрванди Қазоқистонро ба Остона истирдод кард


Белорус ду шаҳрванди Қазоқистонро, ки дар қаллобӣ ва дуздӣ гумонбар дониста мешавнад, ба Остона истирдод кардааст.

Додситонии кулли Қазоқистон хабар медиҳад, ки Владимир Аҳмадиев ва Алибек Байбусинов шаби гузашта аз Белорус ба ватан оварда шудаанд. Ҳар ду гумонбар дар СИЗО-и Остона нигаҳдорӣ мешаванд.

Аҳмадиев дар дӯздии 310,7 миллион танга (наздики 910 ҳазор доллар)-и буҷа гумонбар аст.

Алибек Байбусинов моҳи декабри соли 2014 дар Белорус бо айби расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии нафари дигар зиндонӣ шуда буд. Вай боқимондаи муҳлати ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳии Қазоқистон адо мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Додситонии кулли он кишвар.

XS
SM
MD
LG