Ссылки доступа

Дар Қирғизистон роҳандозии шиносномаҳои биометрӣ шуруъ мешавад


Оҷонсии байналхалқии ҳамкории Куриё (KOICA) ба Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон дар роҳандозии шиносномаҳои ID-и дорои маълумоти биометрӣ кумак мерасонад. Сешанбеи 28 июн ҷонибҳо дар ин бора созишнома имзо кардаанд.

Буҷаи лоиҳаи роҳандозии шиносномаҳои биометрӣ 7 миллиону 460 ҳазор долларро дар бар мегирад. Ин пулҳоро Куриё ҳамчун қарз ба Қирғизистон медиҳад.

Тавре пештар расонаҳои қирғизӣ хабар дода буданд, ҳадафи лоиҳа истифодаи шиносномаҳои биометрӣ дар интихоботҳо ва зимни дарёфти хизматрасонии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG