Ссылки доступа

Ҳалокати ду сокини Ховалинг дар кони тилои Шугнов


Дар натиҷаи чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнови ноҳияи Ховалинг ду сокини ҷамоати Сариосиёи ин ноҳия ба ҳалокат расидаанд.

Раҷабалӣ Мирзоев, раиси ҷамоати Шугнов гуфт, ин ҳодиса шоми рӯзи душанбе иттифоқ афтода ва ҷасади бародарон Тоҳир Маҳмадов (1979) ва Дилшод Маҳмадов (1986) танҳо соати даҳи рӯзи сешанбе аз зери хок берун оварда шудааст.

Вай афзуд, ки"намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода омаданд ва бо ёрии онҳо ҷасадҳоро аз зери хок ёфта ба хонаашон фиристодем. Бародарон тахминан соати 7:30 бегоҳ бо даст ҷустуҷӯи тилоро дар қитъаи якуми кони Шугнов сар карда будаанд".

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо ҳоло панҷ ширкат ба воситаи техника тило меҷӯянд. Дар баробари ин, беш аз ҳазор сокини Ховалинг дар ин мавзеъ бо даст низ тило ҷустуҷӯ карда, аз ин меҳнати сангин аробаи зиндагиашонро мечархонанд.

Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тилои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG