Ссылки доступа

Дар Тошканд парки обии олигархи фирорӣ оташ гирифт


Дар ноҳияи Учтепаи Тошканд парки обие, ки замоне ба Дмитрий Лима, соҳиби пешини як қатор бозорҳо дар пойтахти Ӯзбекистон, тааллуқ дошт, оташ гирифтааст. Бархеҳо бар ин назаранд, ки онро махсус оташ заданд.

Манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабари оташ гирифтани толори варзишии маркази "Фозилтепа"-ро тасдиқ кард. Ин марказро соли 2009 аз соҳибкор Дмитрий Лим гирифта, давлатӣ карда буданд.

Бино бар иттилои манбаъ, бинои марказ, ки дар он ҳавзи шиноварии зимистона ҷойгир буд, пурра ба коми оташ рафтааст. Тахмин мешавад, ки сӯхтор дар пайи расиши кутоҳи ноқилҳои барқ рух додааст. Аммо фарзияе ҳам ҳаст, ки гӯиё онро махсус оташ задаанд. Дар натиҷаи ин сӯхтор касе осеб надидааст.

Тавре як сокини шаҳри Тошканд гуфт, ин парки обиро Дмитрий Лим бунёд карда буд. "Дар дохили марказ ҳавзи шиноварии зимистона буду асбобу анҷоми зиёди гаронарзиш дошт. Дар сақфаш қандилҳои булӯрӣ овезон буд. Шояд ин ҳамаро дӯздиданду баъдан барои боқӣ намондани асаре марказро оташ заданд", - мегӯяд вай.

Додситонии кулли Ӯзбекистон Лимро дар он айбдор медонад, ки гӯиё ба давлат 600 миллиард сӯм зарар расондааст.

XS
SM
MD
LG