Ссылки доступа

Таҷамуи нафткашони қазоқ бо аксҳои Назарбоев дар Актау


Нафткашони ширкати "Каражанбасмунай", ки беш аз 5 сол аст, наметавонанд ҷойи корашонро барқарор кунанд, аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, то ин мушкили онҳоро ҳал намоянд.

Наздики 15 корманди пешини "Каражанбасмунай" аз Бейнеу, Шетпе, Жетибой ва Жанаозен бо ин дархост ахиран дар назди бинои ҳокимияти вилояти Мангистау дар шаҳри Актау ҷамъ омадаанд.

Онҳо дар даст акси Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистонро доштанд, ки зери он суханони раҳбари давлат дар бораи ҳаводиси соли 2011-и Жанаозен - "нафткашон гуноҳ надоранду талаби онҳо муносиб аст" навишта шудааст.

Кормандони пешини "Каражанбасмунай" мулоқот бо ҳокими вилоятро беш аз ду соат интизор шуданд, аммо наздикии нисфирӯзӣ Шолпан Илмуханбетов, муовини ҳокими вилоят онҳоро ба ҳузур пазируфтааст.

Корпартоиро нахуст кормандони "Каражанбасмунай" 17 майи соли 2011 оғоз карда, 26 май кормандони ширкати "Озенмунайгаз" ҳам ба онҳо пайвастанд. Иштирокдорон зиёдшавии маошашонро дар ҳаҷми 1,8 фоиз, ки сарвазир Карим Масимов тасдиқ кардааст, талаб карданд. Аммо додгоҳ он замон ин корпартоиро, ки дар он ҳазорҳо нафткаш иштирок дошт, ғайриқонунӣ хонду раҳбарияти "Каражанбасмунай" сабаби аз кор рондани коргарони корпатоашро "сари вақт ҳозир нашудан ба кор" унвон мекунад.

Созмони байнулмилалии Human Rights Watch мегӯяд, раҳбарияти ин ширкат ба таври дастаҷамъона коргаронеро рондааст, ки дар корпартоӣ иштирок доштанд. Бино бар гузориши коршиносони созмон, мақомоти қазоқ ҳангоми талош барои пароканда намудани роҳпаймоии осоишта аз нерӯ истифода карданд ва зидди фаъолон айбҳои гуногуни сиёсӣ эълон намуданд.

Соҳибони ширкати "Каражанбасмунай", ки кони нафти нимҷазираи Бузачи вилояти Мангистауро дар ихтиёр доранд, иттиҳодияи давлатии сармоягузории чинӣ CITIC Group ва ширкати "Разведка Добича "Казмунайгаз"-и Қазоқистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG