Ссылки доступа

Дар пойтахти Ҳиндустон пайкараи Манас қомат меафрозад


Пайкараи қаҳрамони ҳамосии қирғиз "Манас" дар Деҳлии Ҳиндустон қомат меафрозад. Дар ин бора Улуғбек Болушев, раиси бунёди иҷтимоии "Гуфтугӯи АвруОсиё" ба расонаҳои қирғизӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, барои сохтани пайкараи "Манас" бунёди "Гуфтугӯи АвруОсиё" ва сафорати Қирғизистон дар Ҳиндустон ташаббус нишон додаанд.

Ташаббускорони сохтани пайкара мегӯянд, асрҳои тӯлонӣ мардуми қирғиз тавассути ҳамосаи "Манас" таърихи гузаштагон, муборизаҳо, даврони шукуфоӣ ва сарнавишти давлати қирғизҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд.

Ҳамосаи "Манас" ҳамчунин шомили рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шудааст.

Пайкараи қаҳрамон дар шаҳри Москваи Русия низ қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG