Ссылки доступа

Ҳокими ӯзбек сардухтурро барои як иштибоҳ латукӯб кард


Асрор Бойқароев, раиси тозатаъйини ноҳияи Қаршии Ӯзбекистон сардухтури ноҳия Сардор Эркаевро барои як иштибоҳаш ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ лату кӯб кардааст. Вале дувумӣ ин хабарро рад мекунад.

Ба гуфтаи манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, раиси ноҳия сардухтурро дар назди мардум бо муштҳояш зада, ба замин ғалтондааст.

"Барои сафари президент қарор шуд биное, ки дар рӯбарӯи беморхонаи ноҳиявӣ ҷойгир буду намуди зоҳирии кӯчаро нозеб мекард, вайрон кунанд. Вале ҳангоми тахриб ду нафар зери девор монда, захми сабук бардоштанд. Раиси ноҳия ин хабарро шунида, ба беморхона омаду сардухтурро лату кӯб кард, ки дар натиҷа вай ба замин афтида, беҳуш шуд", - мегӯяд манбаъ.

Манбаи дигари радио ҳам хабари лату кӯби сардухтурро тасдиқ карда, мегӯяд, ин бори нахуст нест, ки Бойқароев сокинони ноҳияро лату кӯб мекунад.

"Вай дар назди мардум ба рӯи сардухтур Сардор Эркаев, ки ҳамсоли падараш аст, бо мушт зад. Чанде қабл дар пеши сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ва додситони ноҳия ҳам соҳибкори маъруф Аҳрорро зери мушту лагад гирифта буд", - илова кард сокини Қаршӣ.

Тавре яке аз омӯзгорони маҳаллӣ мегӯяд, Бойқароев корро ба ҳайси раиси ноҳияи Қаршӣ бо лату кӯби мардум оғоз кардааст.

"Ман қаблан ин гуна мансабдорро надида будам, ки то ин ҳад аз лату кӯби одамон хушаш ояд. Бойқароев мардумро ба иҷрои корҳое маҷбур мекунад, ки худ мехоҳад. Барои мисол, ҳоло дар Бишкен ҷойеро наметавон пайдо кард, ки ранги сурх дошта бошад", - мегӯяд омӯзгор.

Ба гуфтаи вай, раиси ноҳияи Қаршӣ сокинонро маҷбур кардааст, ки деворҳои сурхро ранги сафед ё зард кунанд. Гӯиё ранги сурх рамзи империя будааст.

"Вай ҳар биное, ки писандаш намешавад, ба ҳуҷҷату аснод нигоҳ накарда, дастур медиҳад, то тахриб шавад. Ҳар кас "не" гуфт, зери мушту лагад мемонад. Президент борҳо аз ин гуна рафторҳои ҳокимон интиқод кардааст, аммо намедонам, барои чӣ касе ба Бойқароев чизе намегӯяд?", - афзуд омӯзгор.

XS
SM
MD
LG