Ссылки доступа

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар масҷидҳои Тоҷикистон


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз комиссияҳои одоби тамоми масоҷиди кишвар хост, дар остонаи таҷлил аз иди имсолаи Рамазон навбатдории шабона ташкил кунанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси ин шӯро, 29 июн зимни як ҷаласа бо ҳузури рӯҳониён дар Душанбе гуфт, тасмими мазкур ба хотири амнияти сокинон ва бо таваҷҷуҳ ба паёмади ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла фурудгоҳи Отатурки Истамбул гирифта шудааст.

Вай гуфт, онҳое, ки шаби Иди Рамазон дар масҷидҳо навбатдор меистанд, бояд хоб нараванд ва ҳамагуна ҳаракатаҳои, ба қавли ӯ, шубҳаоварро назорат карда, ба мақомот хабар диҳанд.

Абдулқодирзода афзуд, "дар арафаи ид, шаби ид ва субҳи ид навбатдориро сахттар кунед. Мутахассисонро оред, то кори дурбинҳои назоратиро ҳам санҷанд".

XS
SM
MD
LG