Ссылки доступа

Пешниҳоди мансабдорони қазоқ барои гирифтани об аз Тоҷикистон


Баъзе аз мансабдорони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, ки ин кишвар барои ҳалли мушкили обёрии заминҳои корамаш рӯ ба обҳои Тоҷикистон биорад.

Ин пешниҳод зимни ҷаласаи рӯзи 29 июни ҳукумати Қазоқистон, ки дар он масъалаи обёрии заминҳои корам баррасӣ шуд, сурат гирифтааст.

Бейбут Отамқулов, раиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ҳангоми суханронӣ аз норасоии об дар ин минтақаи Қазоқистон хабар дода, пешниҳод кардааст, ки ҳукумати кишвараш барои ҳалли ин мушкил бо Тоҷикистон созиш намояд.

"Агар аз Тоҷикистон ҳадди ақал 100 куб оби иловагӣ бигирем, мо метавонем онро бо Ӯзбекистон тақсим кунем ва 50 куб оби иловагӣ ба ноҳияи Махтаарал хоҳад рафт", - иқтибос овардааст хабаргузорииTengrinews.kz аз суханони Отамқулов.

Боқит Сагинтаев, муовини аввали сарвазири Қазоқистон пешниҳоди Отамқуловро ҷонибдорӣ карда, гуфтааст, дар ин бора аллакай гуфтушуниди нахустин бо ҷониби Тоҷикистон анҷом шудааст.

"Дар Тошканд бо ҳамкорони тоҷикамон суҳбате доштем. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод дорад, дар асоси нақшае ҳамкорӣ намоем, ки мо соли гузашта бо қирғизҳо кор кардем. Онҳо мегӯянд, агар аз мо барқ бихаред, мо обро мекушоему дигар ниёзе барои муроҷиати Шумо ба қирғизҳо намемонад. Аз ин рӯ, ба вазорати энергетикаю вазорати кишоварзӣ дастур дода шуд, то бо ҷониби Тоҷикистон мулоқот намуда, ин нақшаро баррасӣ намоянд, ки то куҷо метавонем онро иҷро кунем", - гуфтааст Сагинтаев.

Вале Карим Масимов, сарвазири Қазоқистон суханони муовини аввалашро бурида, аз вай хостааст, ҳарфҳояшро санҷида гӯяд. Масимов илова кардааст, ки Остона омодааст, ҳам бо Бишкек ва ҳам бо Душанбе ҳамкорӣ намояд.

Суханҳои Сагинтаев дар расонаҳои қазоқӣ таҳрир ва калимаи "қирғизҳо" бурида шудааст. Аммо навори қисмати суханронии Сагинтаев дар бораи қирғизҳо ба Интернет роҳ ёфтааст.

XS
SM
MD
LG